Санаи 15 сентябри соли 2026 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки Директори иҷроияи Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд (MCDF) – Чжунтсин Ванг, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар мизи мудаввари сатҳи баланд баргузор гардид.
Интихоб ва амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторию пайвасткунанда, ҷалби сармоя, баланд бардоштани сифати тайёрии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори касбии мутахассисон ва ҳамоҳангсозии кӯмакҳои молиявии байналмилалӣ аз мавзӯъҳои асосии ин чорабинӣ ба шумор мерафтанд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки MCDF аз замони таъсисаш дар соли 2021 бо такя ба принсипҳои пайвастшавӣ, сифат ва шарикӣ лоиҳаҳои муҳимро дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, тавассути Фонди молиявии MCDF ва Платформаи ҳамкорӣ барои омодасозии лоиҳаҳо, баланд бардоштани иқтидор ва мубодилаи дониш грантҳо ҷудо карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар рафти мизи мудаввар самтҳои стратегии MCDF барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардида, имкониятҳои нави маблағгузорӣ (грантӣ) барои Тоҷикистон тавассути ҳаммаблағгузорӣ бо дигар шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мизи мудаввар ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои зич ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои нави муштарак баҳри рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.



