Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бо ташвиқ ва дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Миср ду китоб ба забони арабӣ ба нашр расид.
Китоби якум «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» ном дошта, муаллифони он донишмандони мисрӣ Рифъат Ҳусейн ва Вало Одил мебошанд. Ин китоб гузаштаву имрӯзи пурифтихори тоҷиконро таҳлил намуда, хусусиятҳои давлатдорӣ ва расму ойини бостониву имрӯзаи моро барои хонандагон муаррифӣ мекунад.
Китоби дуюм «Мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон» ба қалами коршиноси мисрии таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Аҳмад Таробек тааллуқ дорад. Китоб ба муаррифии осори бостонӣ ва мероси ҷаҳонии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон бахшида шудааст.



