Дар давоми солҳои 2008 – 2022 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди «Мурғоб – Кулма», «Шоҳон – Зиғар», «Шкев – Зиғар», «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб», «Дӯстӣ – Панҷи Поён», «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ӯзбекистон», «Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ», «Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон», инчунин, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуда, дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар 5 терминали ҳозиразамони мусофирбарӣ сохта, ба истифода супорида шуд.
Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч»-и роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод бо маром идома доранд. Сохтмони даромадгоҳи нақби якум дар қисмати ҷанубу шимол босуръат ҷараён дошта, дар нақби дуюм корҳои пеш аз сохтмонӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод-қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ҳамчунин сохтмони нақби «Тагикамар» дар назар дошта шудааст. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур зиёда аз 4 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад, — зикр намуд муҳандиси лоихаи мазкур Муҳаммадшариф Мансурзода.
Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо лоиҳаро дар се марҳила амалӣ мекунад. Тибқи нақшаи пешбинишуда қитъаи мазкур бояд соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Дар доираи марҳалаи якум бунёди роҳи асосии Роғун – Обигарм – Тагикамар ба масофаи беш аз 30 километр, сохтмони нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч» ба дарозии қариб сеюним километр, сохтмони 5 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда ва дигар иншооти сарироҳӣ бо маром идома дорад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар гирифта, ҳамчунин, сохтмони нақби «Тагикамар» ба дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар марҳалаи сеюми лоиҳа сохтмони пули бузург ба дарозии тақрибан 760 метр пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло Ҳукумати Чумхурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи беш аз 9,6 миллиард сомонӣ татбиқ карда истодааст, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд карда мешаванд. Аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Лоиҳаи нави қитъаи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки бо талошҳои Ҳукумати кишвар сарчашмаи маблағгузории он дарёфт гардидааст, 86 километр, яъне аз километри 72-юм то 158-уми шоҳроҳи зикршударо фаро мегирад. Инчунин, дар доираи лоиҳаи оғозшуда 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Бунёди қитъаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод низ мисли қитъаҳои дигар тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, ба пайвастани қитъаҳои дигари шоҳроҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ, бамаротиб зиёд гардидани ҳамлу нақли мусофирон, молу маҳсулот ва рафтуомади боз ҳам беҳтару бехатари аҳолии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маркази мамлакат мегардад гуфт, — Фарҳод Файзизода, муҳандис оид ба корҳои сохтмонии дохилинақбии шохрох.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин, дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Яъне роҳ бо сатҳу сифати беҳтарини ҷаҳонӣ бунёд гардида, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол тавассути он дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад, — зикр намуд Исроил Машрабов, сардори шуъбаи ронандагони мошинҳои борбардор дар лоиха.
Дар ин замина, имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки сСоли 2023 сохтани роҳҳои Кулоб-Гулистон Данғара — Гулистон, Гулистон — Фархор ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди мазкур идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад ва кор дар ин масир аз моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, он барои Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.