16 сентябри соли 2026 дар Манома мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн Акрам Каримӣ бо раиси Маҷлиси намояндагони Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад ибни Салмон Ал-Мусаллам баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Баҳрайн, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.



