20 сентябри соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ҷиҳати иштирок дар ҳафтаи сатҳи баланди Иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Йёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.
Дар доираи ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 81-уми СММ суханронӣ намуда, дар чорабиниҳои канории он ширкат хоҳад варзид. Ҳамчунин, мулоқоту музокироти дуҷонибаи роҳбари ҳайтаи Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ баргузор хоҳанд шуд.



