22 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 81-умин Иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва равобити байналмилалии Подшоҳии Лесото Лимфо Ҷастис Тау баргузор гардид.
Зимни мулоқот атрофи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Лесото мубодилаи афкор сурат гирифта, рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар самти иқтисод, тиҷорат, саноат, сайёҳӣ ва обу энергетика баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми мулоқот, вазирони корҳои хориҷӣ Баёнияи муштаракро оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо намуданд.



