24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии СММ ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар рафти суханронии худ вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтор ва пайвастагии нақлиётиро барои рушди устувори кишварҳои рӯ ба рушди маҳзур дар хушкӣ таъкид кард.
Ҳамчунин роҳбари ҳайати кишвар ба таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва мушкилоти обу энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати сафарбар намудани маблағгузории бештарро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.



