
16 сентябри 2026 дар шаҳри Абу Забӣ cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо директори генералии Фонди рушди Абу Забӣ Муҳаммад Сайф Аc-Сувайдӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, саноат, савдо, инфрасохтор ва энергетика табодули афкор намуда, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши рушди устуворро муҳим арзёбӣ намуданд.
Тибқи маълумоти расмӣ, то охири соли 2025 ҳаҷми дороиҳои Фонд ба 250 миллиард дирҳам расидааст, ки ба 68 миллиард доллари ИМА баробар мебошад.



