
24 сентябри соли 2026 дар ҳошияи иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос вохӯрӣ намуд.
Вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкории ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, алоқамандии худро роҷеъ ба таҳкими мунтазами робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, шарикӣ дар бахши сайёҳӣ ва маориф, инчунин дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо иброз намуданд.



