Рӯзи 25-уми сентябри соли 2026 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Фаронса дар назди ЮНЕСКО хонум Аҳлем Ғарбӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронсаро дар чорчӯбаи ЮНЕСКО баррасӣ карда, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла об ва пиряхҳо, мубодилаи назар намуданд.



