
25 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баланди Гурӯҳи 77 ва Чин баргузор гардид. Дар нишасти мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти суханронии худ вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти таҳкими ҳамбастагӣ, ҳамкории мутақобила ва ҳамоҳангии кишварҳои рӯ ба рушдро таъкид намуда, зарурати тақвияти бисёрҷонибагароӣ ва нақши марказии СММ-ро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ муҳим арзёбӣ кард.
С. Муҳриддин ҳамчунин ба суръат бахшидани раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вай аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ёдовар шуда, таъкид кард, ки сулҳ, ҳамбастагӣ ва рушди устувор барои таъмини ояндаи осоишта ва шукуфони наслҳои минбаъда аҳаммияти калидӣ доранд.



