25 сентябри соли 2026 дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Непал ва дигар кишварҳо ҳамоиши сатҳи баландро таҳти унвони «Аз Сагарматха то баҳр: даъват ба амал барои ояндаи устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» дар қароргоҳи СММ баргузор намуд. Дар ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷӣ робитаи ногусастании экосистемаҳои кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва ҷомеаҳои поёнобро таъкид намуд. Қайд гардид, ки дар давоми панҷоҳ соли охир дар Тоҷикистон тақрибан 1300 пирях аз байн рафтааст. Дар ин замина, зарурати тақвияти мониторинги илмӣ, низомҳои огоҳии бармаҳал, инфрасохтори ба тағйирёбии иқлим тобовар, ҳамкории технологӣ ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ таъкид карда шуд. Ҳамзамон, саҳми пайвастаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, аз ҷумла дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва Раванди оби Душанбе, таъкид гардид.
Дар ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Непал Шишир Ханал, Президенти иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ доктор Халилур Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдив хонум Ирутҳишам Адам, инчунин намояндагони давлатҳои узв ва сохторҳои СММ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи захираҳои обӣ ва таҳкими устувории иқлими ҷомеаҳои кӯҳӣ, поёноб, соҳилӣ ва ҷазиравӣ таъкид гардид. Иштирокдорон аҳаммияти тақвияти ҳамкории илмӣ, низомҳои огоҳии бармаҳал, дастрасӣ ба маблағгузории соҳаи иқлим, интиқоли технология ва ҳамкории ҳамоҳангшудаи минтақавию байналмилалиро ҷиҳати вокуниш ба пайомадҳои ба ҳам алоқаманди тағйирёбии иқлим аз минтақаҳои кӯҳӣ то баҳру уқёнусҳо таъкид карданд.



