25 сентябри соли 2026 дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба Ташаббуси рушди глобалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон уҳдадории кишварро ба иҷрои пурраи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори он таъйид карда, онро заминаи фарогир барои суръат бахшидан ба Даҳсолаи амал ва дастёбӣ ба ҳадафҳои мазкур арзёбӣ намуд.
С. Муҳриддин қайд кард, ки таҳдиду чолишҳои замони муосир ба пешрафт дар самти рушди устувор монеъ мешаванд. Дар ин росто, аҳаммияти ҳамоҳангсозии стратегияҳои миллӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор, афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, амнияти озуқаворӣ, энергияи таҷдидшаванда, табдили рақамӣ, инчунин истифодаи муассири зеҳни сунъӣ барои тезонидани раванди ноилшавӣ ба рушди устувор таъкид карда шуд.



