25 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи баланди Гурӯҳи дӯстони Иттиҳоди тамаддунҳои СММ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти суханронии худ вазири корҳои хориҷӣ ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз нақши дипломатияи боздоранд ва муколамаву ҳамдигарфаҳӣ дар таҳкими сулҳу субот ёдовар шуд.



