1 октябри 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ аз сӯи вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт д-р Амсол Ҳодӣ Ал-Ҳувайла ба ҳузур пазируфта шуд.
Дар он дидор зимни арзёбии сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт роҳҳои густариши ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, ба вежа ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимоят аз хонаводаҳо ва кӯдакон, фарогирии иҷтимоии афроди дорои маълулият ва тақвияти ҷойгоҳи занон дар ҷомеа баррасӣ шуданд.
Дар ин замина, перомуни фурсатҳои баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои муваффақи ҳамдигар, таҳкими робитаҳои мустақим миёни мақомоти дахлдори ду кишвар ва баргузории мулоқоту ройзаниҳои коршиносон бо дарназардошти авлавиятҳои миллии тарафайн дар арсаҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт.
Сафир аз саҳми арзишманди Кувайт дар амалисозии лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қадрдонӣ карда, ин амрро гувоҳи пойбандии Кувайт ба тааҳҳудҳои худ дар мавриди ҳамбастагӣ ва рушди пойдори байналмилалӣ номид.
Дар поёни дидор хонум Амсол Ал-Ҳувайла изҳор дошт, ки ҷониби кувайтӣ омода аст ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар амалисозии ибтикорҳои кишвари мо дар арсаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини рафоҳи хонавода ва кӯдакон идома диҳад.



