Рӯзи 17 сентябри соли 2026 Сенати Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) Қатъномаи №816 (S.Res.816)-ро таҳти унвони «Бузургдошти 35-солагии истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва эътирофи аҳамияти рушди муносибатҳои Штатҳои Муттаҳида бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон» қабул намуд.
Қатъномаро сенатор Стив Дейнс (штати Монтана) якҷо бо сенаторҳо Гэри Питерс (штати Мичиган), Ҷон Кертис (штати Ютаҳ), Дэйв МакКормик (штати Пенсилвания), Крис Мёрфи (штати Коннектикут) ва Ҷеки Розен (штати Невада) пешниҳод карда, аз ҷониби ҳар ду ҳизби Сенат дастгирӣ ёфт.
Дар қатънома таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро расман эълон намуд. Муносибатҳои ШМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи Қолаби «C5+1» пайваста рушд меёбанд. Давлатҳои минтақа ҳамчун шарикони муҳим дар муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ноустувории минтақавӣ эътироф шудаанд.
Ҳуҷҷат нақши Осиёи Марказиро ҳамчун пули геополитикии пайвасткунандаи Шарқу Ғарб қайд мекунад. Ин нақш дар таъмини тиҷорати ҷаҳонӣ, амнияти энергетикӣ ва пайвастагии рақамӣ, аз ҷумла тавассути Долони Миёна, зоҳир мегардад. Дар қатънома ислоҳоти идоракунӣ, ташаббусҳои зиддикоррупсионӣ ва навсозии иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа ҳамчун омили таҳкими устуворӣ ва истиқлолияти институтсионалии онҳо арзёбӣ шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ба муаллифон ва ҳаммуаллифони қатънома, инчунин ба аъзои Сенати ШМА барои ин изҳори дастгирӣ ва эътирофи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон миннатдории самимӣ баён менамояд. Қабули ин қатънома дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи баланди эътимоди мутақобила гувоҳӣ медиҳад. Он барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА дар соҳаҳои амният, энергетика, об ва иқлим, тиҷорату сармоягузорӣ ва равобити байни мардумон заминаи мусоид фароҳам меорад.



