7 октябри 2026 дар шаҳри Ҷидда сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли тозаинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ Исмоил валад Шайх Аҳмад мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтории он ва роҳҳои таҳкими фаъолияти муштарак дар доираи ин созмон баррасӣ шуданд.



