Аз 13 то 18 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад.
Форуми мазкур ба муносибати таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон ташкил гардид.
Ин ҳамоиши байналмилалӣ ба масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Тибқи маълумоти барномаи форум, дар он ҳузури ҳудуди 2000 меҳмони хориҷӣ аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон дар назар дошта шудааст. Барномаи шашрӯзаи он беш аз 20 чорабиниро дар бар гирифта, баргузории онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, инчунин ноҳияҳои Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудааст.
Дар доираи форум баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳои илмӣ, экспедитсияҳои сайёҳӣ, фестивалҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, олимпиадаҳои донишҷӯён ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз ҳадафҳои муҳими форум муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Интизор меравад, ки баргузории чорабинӣ барои ташаккули хатсайрҳои нави сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зебо Назарова,
радиои «Овози тоҷик»



