13 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон — ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва муайян намудани қадамҳои минбаъда дар ин самт бахшида шуд.
Мизи мудаввар ба муносибати тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 октябри соли 2026 сурат гирифт, баргузор гардид. Ин рӯйдоди муҳим қадами назаррас дар самти таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюбиятдошта, рушди ҷомеаи фарогир ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии зарурӣ барои татбиқи муқаррароти Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар кори мизи мудаввар вакилони порлумон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони расонаҳо иштирок карданд.
Зимни муҳокимаи асосӣ иштирокдорон аҳаммияти тасдиқи Конвенсия, имкониятҳои нави фароҳамовардаи он барои ҳифзи ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта ва тадбирҳои минбаъдаи татбиқи муқаррароти онро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор дар муҳокимаҳо иштирок намуда, масъалаҳои амалисозии уҳдадориҳои вобаста ба Конвенсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зулайхои Раҷаб,
радиои «Овози тоҷик»



