19 октябри 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо вазири додгустарии Давлати Кувайт Носир Юсуф Ас-Сумайт дидору гуфтугӯ кард.
Мусоҳибон зимни изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, дар бораи чашмандози густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои гуногун ва нақши мақомоти додгустарӣ дар ин фароянд мубодилаи афкор карданд.



