18 октябри соли 2026 дар шаҳри Бағдод дар ҳошияи 52-юмин нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Суфён Шаиб ва намояндаи доимии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (роҳбари ҳайати саудӣ) Холид Аш-Шариф мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Алҷазоир, Ироқ ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.



