21 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти устувору босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии экологии аҳолӣ, ҳифзи саломатии ҷомеа, беҳдошти муҳити зист равона шудааст.
Дар таърихи муосири кишвар ва рушди сиёсати экологии давлат боз як саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз боз гардид.
Ин санад таҷассуми равшани таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхории рӯзмарраи Сарвари давлат ба ояндаи солими кишвар ва табиати беназири диёр мебошад.
Таърихи таҳия ва қабули Кодекси мазкур бевосита бо иродаи сиёсӣ ва роҳнамоиҳои ҳакимонаи Президенти мамлакат пайванд аст. Бояд ёдовар шуд, ки 17 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти пурмуҳтаво бо кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист як қатор вазифаҳои мушаххасу бунёдиро ба миён гузошта буданд.
Дар пайи он мулоқот, бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати кишвар ва зери назорати қатъии Роҳбари давлат лоиҳаи Кодекси экологӣ таҳия гардида, бо қарориҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Кодекси мазкур шароити ҳуқуқиро барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилонаи захираҳои об, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва беҳтар кардани вазъи экологии кишварро дар сатҳи сифатан нав танзим мекунад.
Бо мавриди амал қарор гирифтани ин Кодекси экологӣ, пояҳои ҳуқуқии сиёсати «сабз» дар Тоҷикистон боз ҳам устувор гардида, шароити мусоид барои наслҳои оянда фароҳам меоварад.
Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат бори дигар исбот мекунанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва ҳифзи сайёра ҳамчун кишвари пешсаф устуворона пеш меравад.
21 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон подписал законы, принятые и поддержанные Маджлиси намояндагоном и Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан.



