Санаи 21 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «IP Авруосиё / IP Тоҷикистон-2026» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ оғоз гардида, дар кори он Президенти Идораи патентии Авруосиё ва намояндагони Идораҳои патентии кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо аҳаммияти истифодаи самараноки моликияти зеҳниро барои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, рушди механизмҳои интиқоли технологияҳо, ҳифзи тамғаҳои молӣ, ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, инчунин истифодаи имкониятҳои нишондодҳои ҷуғрофӣ метавонанд ба пешбурди маҳсулоти минтақавӣ ва густариши содироти Тоҷикистон мусоидат намоянд.



