Лоиҳаи нави тасдиқшуда “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) дар ҳаҷми 75 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад шуд. Лоиҳа ба навсозии системаҳои об ва обёрии Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти ҷорӣ равона гардида, боиси беҳтар шудани хизматрасониҳои обёрӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои иқтисодӣ барои тақрибан 470,000 деҳқон ва сокинони деҳот дар саросари кишвар мегардад.



