Дар Душанбе конфронси байналмилалии «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.
Чорабинӣ ба яке аз масъалаҳои калидии замони муосир — таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши фишор ба захираҳои табиӣ ва зарурати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бахшида шудааст.
Истифодаи оқилонаи захираҳои замину об, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани устувории истеҳсолоти кишоварзӣ дар баробари хатарҳои иқлимӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ аз мавзуъҳои меҳварии конфронс мебошанд.
Аҳаммияти хоси ин конфронс дар он аст, ки барои кишварҳои минтақа обу замин на танҳо захираҳои муҳимми рушди иқтисодӣ, балки асоси некӯаҳволии аҳолӣ, суботи деҳот ва таъмини мардум бо маводи ғизоӣ ба шумор мераванд.
Мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва баррасии ташаббусҳои муштарак ба таҳияи роҳҳои муассири мутобиқсозии кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, конфронс барои таҳкими ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ замина фароҳам меорад.
Баргузории ин чорабинӣ аҳаммияти иқдомҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳалли мушкилоти умумии экологӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид мекунад. Ҳалли ин масъалаҳо ба рушди устувори минтақа ва некӯаҳволии наслҳои оянда вобаста аст.
Таҳмина Амонова, Радиои «Овози тоҷик»



