Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илми назариявӣ «Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба конфронси чоруми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018- 2028» баргузор гардид, ки дар кори он донишмандону олимон ва меҳмонон ширкат варзиданд. Нахуст Қобилҷон Хушвахтзода президенти АМИТ суханронӣ намуда, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии ҶТ дар мавриди обу иқлим ибрози назар кард. Сипас дигар иштирокчиени конфронс дар мавзӯъҳои доир ба об суханронӣ намуда, масъалаҳои мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Фарзона Сафарова Радиои «Овози тоҷик»



