Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон «Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар» ташкил карда шуд. Ҷавондухтарони фаъол аз вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳо тариқи озмун ба ин мактаб интихоб шудаанд. Дар ин бора муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Зарнигор Раҷабзода ба радиои «Овози тоҷик» хабар дод.
Ҳадаф аз ба роҳ мондани мактаби мазкур ҷиҳати тарбия намудан, интихоб ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби шахсони лаёқатманду бомаърифат, аз ҷумла занону духтарон мебошад.
Мактаби сайёр ба татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, омода намудани занону духтарон ба ҳаёти мустақилона, ҷалби онҳо ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ дар онҳо мусоидат менамояд.
Дар раванди баргузории омӯзиши сиёсӣ ҷавондухтарон имконият пайдо менамоянд, ки бо фаъолияту таҷриба ва усулҳои кори занони роҳбар аз наздик шинос шуда, атрофи мавзуъҳои муайяншудаи соҳа ва самти фаъолияташон сабақ гиранд.