Имрӯз, 20 май, дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонон — нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи имрӯз ва фардои давлат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва муовинони ректори Донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонов Абдукарим ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, дӯстӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва сиёсӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Қайд карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар пешрафти давлату ҷомеа нақши муассир дошта, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар бо дастовардҳои назаррас саҳми арзандаи худро мегузоранд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, касбомӯзӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии муосири ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон нишонаи равшани таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа мебошад. Қайд гардид, ки имрӯз ҷавонон бо донишу ҷаҳонбинӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми имконияту шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, рушди қобилияту истеъдод, фаъолияти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар фароҳам оварда шудааст.
Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҷавонони кишвар дар пешбурди соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва дигар корҳои созандагию ободонӣ саҳми арзишманд доранд. Ҳамзамон, барои рушди зеҳниву ҷисмонии ҷавонон, машғул шудан ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор магистрантон ва донишҷӯёни фаъол барои иштироки намунавӣ дар чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сиёсӣ Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби бахши фарҳанги Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иборат аз суруд ва рақсу таронаҳои дилнишин пешкаши меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд.
Акс ва матн аз саҳифаи фейсбукии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш



