20 майи соли 2026 дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Феридун Синирлиоғлу баргузор гардид.
Зимни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳифзи марзҳо, муқовимат бо таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба барномаҳои муштарак дар самтҳои таъмини субот, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, амнияти киберӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир гардид.
Вазир аҳамияти ҳамкории амалиро бо САҲА таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор кард.



