Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, муассиса дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Ба иттилои ӯ, донишкада бо 25 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Erasmus+ ва UNDP, дар як қатор чорабиниҳо иштирок кардааст.
Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло зикр кард, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия — TIKA, дар донишкада курси омӯзиши 3D роҳандозӣ шуда, омӯзгорону донишҷӯён дар самтҳои моделсозии 3D, хаттотӣ ва санъати анъанавӣ омӯзиш гирифтаанд.
Ректор ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар донишкада 10 донишҷӯи хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Афғонистон таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар самти илм низ фаъолияти муассиса густариш ёфта, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 116 мақолаи илмӣ-назариявӣ ва оммавӣ ба нашр расидааст.
Моҳираи Иброҳим «Овози тоҷик»



