24 августи соли 2026 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар ифтитоҳи Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокҳолм (World Water Week) иштирок намуд.
Зимни суханронӣ муовини вазир аҳаммияти гузариш аз уҳдадориҳои глобалӣ дар соҳаи об ба татбиқи амалии онҳоро таъкид намуда, зарурати дар меҳвари рӯзномаи байналмилалӣ нигоҳ доштани масъалаҳои об ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтро муҳим арзёбӣ кард.
Таваҷҷуҳи махсус ба раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси он мебошад, зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки моҳи майи соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, барои идомаи машваратҳои байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои эҳтимолии Конфронси соли 2028 ва шаклгирии мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии он заминаи муҳим фароҳам овард.
Ҳамзамон, муовини вазир ба иштирокчиён оид ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси СММ оид ба об дар соли 2028, инчунин пешниҳоди баррасии Чаҳорчӯбаи оби Душанбе (Dushanbe Water Framework) ҳамчун яке аз натиҷаҳои эҳтимолии Конфронс маълумот пешкаш намуд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки Конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 бояд ҳамчун раванди ягона ва пайвастаи глобалӣ баррасӣ гарданд, ки ба ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас ва ташаккули рӯзномаи ояндаи ҷаҳонии об мусоидат намоянд.



