Ба феҳристи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти мутахассисони хориҷӣ якбора се пойтахти Осиёи Марказӣ — Душанбе, Тошканд ва Бишкек шомил гардиданд. Тошканд дар ҷойи 221-ум, Душанбе ҷойи 225-ум ва Бишкек ҷойи 226-ум қарор доранд. Ин маълумот дар раддабандии «Cost of Living City Ranking» оварда шудааст, хабар медиҳад centralasia.media.
Дар ин феҳрист 227 шаҳр буда, ҳисоб аз гаронтаринҳо то арзонтаринҳо сурат мегирад.
Гаронтарин макони зист барои хориҷиён — Гонконг ва арзонтарин шаҳр — Анқара эътироф гардидаанд.
Чор шаҳри Швейтсария, аз ҷумла Сюрих, Женева, Базел ва Берн аз рӯи қимати баланд ба даҳгонаи аввал дохил шуданд. Ба даҳгонаи аввал ҳамчунин Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио ва Пекин шомил гардиданд.
Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Истанбул, Қарочӣ, Исломобод, Алмаато низ (219) ба даҳгонаи шаҳрҳои арзонтарин ворид шудаанд.
Чунин раддабандии гаронарзиштарин ва арзонтарин шаҳрҳои барои кӯч бастан ҳамасола тартиб дода мешавад. Ягона истисно соли 2021, бо сабаби пандемияи «COVID-19» буд, ки он вақт тасмим гирифта шуд, тадқиқот гузаронида нашавад.
Шаҳрҳо бо арзиши беш аз 200 номгӯи молу хизматрасонӣ, аз ҷумла арзиши иҷораи манзил, нақлиёти ҷамъиятӣ, хӯрокворӣ, либоса ва фароғат баҳогузорӣ ва арзёбӣ гардидаанд.