Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз, 1 август дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе оғоз гардида, то 6 август идома мекунад.
Тибқи иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок доранд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид. Ин имкон медиҳад, ки нуфузи мусобиқа дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар шавад.