Беш аз 70 ширкати бонуфузи сохтмонии ватанию хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. 30%-и иштирокчиён аз кишварҳои хориҷ аз ҷумла, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Федератсияи Россия мебошанд.
Тавре Раҷабов Ҳайдар, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Нилуфари Нуриддин хабар дод, Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Бино ба иттилои номбурда, дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии ватанию хориҷӣ, инчунин маҳсулоти сохтмонӣ, технологияҳои муосири сохтмонӣ, таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Мақсади баргузории он муаррифии имконияту иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, дарёфти шарикони рушд, таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани техникаву технологияи муосир, ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.
Намоишгоҳ имконият медиҳад, ки иштирокчиён молу маҳсулоти худро муаррифӣ намоянд. Барои рушди кору фаъолияти онҳо ва ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild» 4 август оғоз гардида, то 6 август идома мекунад.