Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал намоишгоҳи густурдаи миниётураҳо ташкил мешавад. Дар ин бора Мадина Воҳидова, мутахассиси бахши экскурсия-оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова иттилоъ дод.
Ин намоишгоҳ рӯзи 11 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, то 25 август идома мекунад.
Намоишгоҳ таҳти унвони «Пайравони миниётураи тоҷикон Камолиддини Беҳзод» доир шуда, дар он асарҳои Олим Камол, Сарвиноз Хоҷаева ва шогирдони онҳо намоиш дода мешаванд.