Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвилиро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.