Бар асари боришоти шадид ва обхезӣ дар Афғонистон 21 нафар ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузории давлатии Бохтар гузориш додааст, ки давоми рӯзҳои ахир дар пайи боришоти шадид ва обхезӣ дар се вилояти шарқӣ ва марказии Афғонистон шумори зиёде аз рустоҳо ва шаҳракҳо осеб дидаанд. Ҳамзамон обхезӣ боиси хароб шудани садҳо манзили истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш дар як рустои вилояти Нуристон воқеъ дар шарқи Афғонистон бар асари обхезии шадид беш аз 40 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат раисда, даҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Баҳруллои Абдулло