
Имрӯз, 15 август дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Конфронси вазирони нақлиёти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (баромад ба баҳр надошта) ба кори худ оғоз бахшида, то 16 август идома мекунад.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, дар конфронси мазкур намояндагони 32 кишвар иштирок доранд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ширкат варзида истодаанд.
Бино ба зикри манба, дар доираи ҳамоиш Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии сессияи чоруми конфронсро “Тезонидани рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон барқаррорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID-19 ба уҳда доранд.
Дар Конфронс масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҳамгироии системаи инфрасохтори ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳанд гирифт.