Рӯзи 26 август дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» баргузор гардида, то 27 август идома мекунад, иттилоъ дод Алимад Раҳмонов, мудири шуъбаи иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо мухбири радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло.
Дар доираи Форуми мазкур намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мегардад. Дар он иштироки намояндагони кишварҳои Русия, Туркия, Эрон Белоруссия ва Арабистони Саудӣ дар назар аст.
Ҳадафи Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат ва муаррифии имконияти сармоягузории шаҳри Кӯлоб ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ буда, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ замина мегузорад.