
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Со Бёнсу мулоқот намуд, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” ва афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк, асал ва оби ошомиданӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби кореягӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти имкониятҳои Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими кореягӣ ба иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, техникаҳои барқӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Корея мусоидат намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.