Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамоиши «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир мегардад. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сухангӯи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод.
Ба зикри Маъмури Юсуфзод, ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур субҳи имруз ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 30 нафар бо роҳбарии Хуршед Ахмедов, муовини Ҳокими вилояти Фарғона ба шаҳри Хуҷанд омаданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш ҳайати меҳмонон дар бозор, марказҳои савдо ва дигар маконҳои ҷамъиятии Хуҷанд сайр карда, бо инфросохтор ва зарфиятҳои сайёҳии минтақа ошно шуданд. Сипас, имкониятҳои мазкурро баррасӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти суғд доир гардида, дар оғози он зикр шуд, ки Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон ворид мешаванд. «Маҳз бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои муштараки Роҳбарони ҳарду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дуҷониба маҷрои тоза гирифта, имрӯз шарикии стратегӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ рушду таҳким меёбад»,-қайд гардид зимни ифтитоҳ.
Дар заминаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, гурӯҳи зиёди сайёҳони Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфреренсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию ширкатҳои сайёҳии Узбекистон нигаронида шудааст.
Тибқи созишномаи мусофирати мутақобила, шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор–Тоҷикистон ва Узбекистон ҳуқуқ доранд ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд. Оғоз гардидани сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ба ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд. Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд.
Аксҳо аз сайри меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд
Дар чорабинӣ ҷонибҳо тариқи рӯнамо оид ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд. Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.