Ҷудокори кишвари мо Аминҷони Абдулфайёз имрӯз дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон сабқатро оғоз мекунад. Ӯ бо ғолиби ҷуфти Тарас Ниелзиев аз Украина ва Наҳид Таргулийев қувваозмоӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа дар Босния ва Ҳерсоговина ҷараён дошта, Тоҷикистонро дар он Аминҷони Абдулфайёз зери вазни то 73 кг зери роҳбарии мураббӣ Аслон Худоиев имрӯз намояндагӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Абдулфайёз ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки рақобатҳои муқаддамотӣ соати 12:00 ва рақобатҳои ниҳоӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе доир мегарданд.