Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ 27 июл зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамкории дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму эктремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки рушди ҳамкории судманд дар самти таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона мусоидат менамояд.
Дар мулоқот ба масъалаҳои густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкории тарафайн дар самтҳои пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
АМИТ «Ховар»



