Аз 21 то 26 август сафари кории ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Туркия доир гардид. Ин сафар 31 июл — 7 август низ сурат гирифта буд. Дар ҳамаи вохӯриҳо ҳайатро намояндаи сафорат ҳамроҳӣ намуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, зимни сафар ҳайати болозикр дар шаҳрҳои Анкара, Истанбул ва Кония бо ҳамтоёни худ аз марказҳои тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Вобаста ба самти ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳ миёни ходимони илмии ду кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимиро идома хоҳанд дод.