27 июли соли 2026 онлайн вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо Директори иҷроия ва роҳбари минтақавии Аврупои Шарқӣ ва Авруосиёи Bank of New York Mellon (BNY) Сергей Котов бо иштироки муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода ва Раиси Шӯрои соҳибкории ИМА–Тоҷикистон Елена Сон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши молиявию бонкӣ, аз ҷумла имконияти барқарор намудани муносибатҳои мустақими муросилотӣ байни Bank of New York Mellon, Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва амалиёт бо коғазҳои қиматноки даромади собитро баррасӣ намуданд.



