Субҳи имрӯз дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмиллалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” оғоз гардид. Ҳамоиши мазкур нахуст бо пазироӣ ва истиқболи гарму самимии меҳмонону иштирокчиён сурат гирифт. Сипас иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии онҳо, намунаи масолеҳи сохтмонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табии шаҳру минтақаи Кӯлоб дидан карданд. Дар ин бора аз Бахши матбуоти МИҲД шаҳри Кӯлоб ба Мирсаиди Хайрулло, мухбири радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давалатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доштанд.
Форум бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориии байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, Мунео Такасака, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигарон оғоз гардид.
Зимни суханронии худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода, доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватанву хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ибрози назар намуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят суханронӣ намуд.
Дар идома Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ваистифодаи сармараноку оқилонаи имконоти ҳамкориҳои байналмиллалӣ изҳори андеша кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориии байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, Мунео Такасака, барои пазироии сатҳи баланд, изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ин баҳамоӣ аз иродаи қавӣ ва сиёсии роҳбарони кишварҳоямонсарчашма мегирад.
Ҳамчунин дар Форуми мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорӣ диққати хосса медиҳанд ва барои рушди он ҷиҳати фароҳам овардани фазои муносиб ҳамеша чораандешӣ мекунанд.
Дар Форум навори видеоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ “Кӯлоб” боздид ва шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар рафти Форуми мазкур ва доираи мулоқоти В2В (соҳибкорон бо соҳибкорон ) имконотиятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, дар он беш аз 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расонида шуд.
Аксҳо аз рафти Форум