26 августи соли 2022 Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо Президенти Иттиҳодияҳои Палатаҳо ва Биржаҳои молии Туркия Рифат Ҳисарҷиклиоглу мулоқот намуд.Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳошияи вохӯрии мазкур, ҷонибҳо «Созишнома оид ба ташкили Палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистону Туркия»-ро ба имзо расонданд.