Варзишгарони навраси тоҷик дар 6-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Актауи Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Мусобиқа 23-28 август бо иштироки варзишгарони навраси Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Россия ва Исроил доир гашт.
Ҷумҳурии моро 4 нафар дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд. Ба иттилои мураббӣ Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода дар ду намуди иҷрои машқҳо 2 медали биринҷӣ, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.