Полиси Канада рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар чанд ҳодисаи ҳамлаҳои сард дар ду минтақаи вилояти Саскачеван 10 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудаанд.Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» ба нақл аз «Садои Амрико» хабар медиҳад.
Полис бе ёдоварӣ аз ангезаҳои эҳтимолии ин ҳамлаҳо, ду нафар бо номи Дэмиен Сандерсон ва Майлз Сандерсонро ба унвони гумонбари ин ҳамлаҳо ном бурда ва гуфтааст, ки ҷустуҷӯи ин ду нафар идома дорад.
Нахустин гузоришҳо дар бораи ин ҳамлаҳои маргбор субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ нашр шуд ва баъд аз он полис аз ҳузури афроди хатарнок дар саросари вилоят ҳушдор дод. Каме дертар барои музофотҳои Алберта ва Манитоба, ки бо Саскачеван ҳамсоя ҳастанд, чунин огоҳиҳо дода шуданд.