Санаи 6 сентябри соли ҷорӣ ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал оварданд.
Ҳамзамон, дар МОИ “Данғара” бо иштироки доираи васъеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Форуми минтақавии дуҷониба “Вохурии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия” бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории “В2В” баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур санадҳои ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Кония, инчунин МОИ “Данғара” ва Парки технологии “Билишим Вадиси” ба имзо расонида шуд.
АХБОРИ МОНАНД:
Душанбе: Аввалин Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии технологӣ дар Осиёи Марказӣ кушода шуд
Фаластиниҳо барои мутобиқсозии дарахтонашон дар иқлими Тоҷикистон ҳавасмандӣ намуданд
Боздиди ҳайати вилояти Сурхондарёи Узбекистон аз Маҷмааи тандурустии Хатлон
Сафари ҳайати тиҷоратии шаҳри Конияи Туркия ба Тоҷикистон